БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ таҳкимбахши оромиву суботи ҷомеаи навини Тоҷикистон буда, фарҳанги миллиро ҳифз ва тарғиб менамояд!

БОХТАР. Тибқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳои шаҳри Бохтар дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Хоҷагии коммуналии вилоят» вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар он мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроия Асадуллозода Ватан ва мутахасиси шуъбаи ташкилӣ ва ба ҳисобгирӣ Исоев Фаррух иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимнан вохӯриро мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Асадуллозода  Ватан б ҳусни оғоз бахшида, оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ андешаронӣ  намуд.

Сипас, дар идома мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирӣ Исоев Фаррух оид ба 24-солагии таъсисиёбии ҳизб ҳарф зада, қайд намуд, ки  дар шароити гуногунандешии сиёсӣ ва мавҷудияти бисёрҳизбӣ масъулияти мо ҳамчун ҳизби ғолиби парлумонии кишвар дар ҷомеа ниҳоят калон аст. Мақсади аслии ҳизб саодати халқи кишвар аст ва бо ҳизбу ҳаракатҳои дигар, ки дар доираи қонун фаъолият мекунанд, робитаи созанда дорад. Қисми аз ҳарифони сиёсии мо даъвои онро доранд, ки обрӯи ҲХДТ ба он вобаста аст, ки роҳбари онро , Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ӯҳда дорад. Бале Роҳбари давлат  барои ором кардани вазъи сиёсии мамлакат, баргардонидани гурезаҳо, аз буҳрони иқтисодӣ наҷот додани кишвар ва ободу зебо гардидани гӯшаю канори мамлакат корҳои бузургеро анҷом додааст, анҷом дода истодааст ва анҷом медиҳад. Бинобар ин, дар миёни мардум обрӯ ва маҳбубияти хоса дорад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg