БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” дар ҳалли мушкилоти сокинони маҳал мусоидат намуда истодааст

БАЛҶУВОН. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон дар ташкилоти ибтидоии “Шибдара”-и ҷамоати деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон бо сокинон хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, нагаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, эҳёи ҳунарҳои миллӣ дар деҳот, тарбияи фарзандон дар руҳияи анъанаҳои миллӣ ва азхудкунии илмҳои  гуногуни имрӯза, ки талаботи замон аст, суҳбату вохӯрӣ баргузор намуданд.

Лозим ба ёдоварист, ки мардуми деҳаи Шибдара бо роҳбарии раиси ташкилоти ибтидоии деҳаи мазкур иқдомҳои созандагиро рӯи даст гирифта, тасмим гирифтаанд, ки дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии  ҳизбии “ Якҷоя ҳал мекунем!” дар назди бинои муассисаи таълимии №41  се синфхонаи иловагӣ сохта,  мавриди истифода қарор медиҳанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg