АНДЕША. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон пайваста қайд мекунанд, ки «Терроризм ватан, забон, нажод ва дин надорад. Ба муқобили ин бадбахтии ҷаҳонӣ якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кӯмак расонда, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст».
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози солҳои соҳибистиқлолӣ то ин ҷониб ба масъалаҳои мубориза бар зидди экстремизм таҷрибаи калон ба даст овардааст. Зеро солҳои навадум оқибатҳои фоҷиабори терроризму экстремизмро миллати тоҷик дар ҷисму ҷони худ эҳсос карда буд. Тавре медонем, аз нахустин давраҳои рушду такомул ҷомеа бар зидди ҷинояткорон муборизаи беамон мебарад. Зеро ҷиноят ва ҷинояткорон дар тасаввур ҳамчун амали манфӣ нақш бастааст. Экстремизм раванди ҷонибдории усулҳои ифротӣ, ки аз тарафи ҳизбҳо, созмонҳо, гурӯҳҳои сиёсӣ ва ҳатто аз тарафи баъзе давлатҳо созмон ва дастгирӣ меёбанд, дониста мешавад. Ифротгароӣ изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ барои даъвати нооромӣ, дигаргунии сохти конститутсионии давлат, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ, мазҳабӣ ва ба ин монанд амалҳоро дар бар мегирад. Махсусан, ифротгароии динӣ фаъолияти аз нигоҳи динӣ ниқобпӯшониест, ки базурӣ дигаргун сохтани сохти давлатӣ ё ғасби зураворонаи ҳокимият, халалдор сохтани соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзи давлат ва ба ин мақсадҳо ба амал овардани душманию бадбинӣ мебошад.
Ҳамагон огоҳӣ дорем, ки пас аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, ки дар раванди он пас аз чанде Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) таъсис тода шуд, дар мавсими оғози соҳибистиқлолият ба сатҳи иҷтимоӣ – иқтисодии зиндагии мардум таъсиргузор гашт. Замони барқарор гардидани давлати ҳуқуқбунёди соҳибистиқлол, гузаштан ба шаклҳои нави қонунгузорӣ дар шароитҳои мураккаби ҷамъиятӣ ҷараён мегирифт ва табиист, ки сатҳи ҷинояткорӣ, падидаҳои номатлуб ба тъғайирёбии хусусият ва сифати он ба низоми ҷамъиятӣ, истеҳсолот, тақсимоти неъматҳои моддӣ, маданият ва иҷтимоиёти ҷомеа таъсир расонид.
Бо сабабҳои маълум гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор бо қувваҳои сиёсӣ дохил шуда, фаъолияти сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ҳокимияти давлатиро фалаҷ гардонида, бо роҳи фишору зуроварӣ соҳаҳои иқтисодиёт ва арсаи сиёсиро зери назорат мегирифтанд. Ғайр аз ин, дар солҳои даргириҳои муқовимати шаҳрвандӣ миқдори зиёди аслиҳа ба дасти гурӯҳҳои ҷинояткор афтод, ки онҳо аз вазъияти басо ногувори кишвар истифода бурда, бар хилофи сохти давлатдорӣ нисбат ба аҳолии осоишта ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин чун таҷовуз, одамкушӣ, роҳзанӣ, ғоратгарӣ, гаравгонгирӣ, ифротгароӣ ва актҳои террористӣ содир менамуданд. Аз рӯи таҳлилҳо, то кунун гаравидани ноболиғону ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротию террористӣ, таҳсил дар мактабҳои ғайрирасмии кишварҳои исломӣ мушоҳида мешавад. Айни замон ташкилотҳои террористии «Ансоруллоҳ», «Ҳаракати исломии Узбекистон», «Ҳизби таҳрир», «Ҷамоати таблиғ», «Ҷамоати даъват», «Салафия», «Толибон» ва «Давлати исломӣ» ноболиғонро бо ҳар роҳу восита ба сафҳои худ ҷалб намуда, ба давлатҳои бо ном исломӣ мефиристанд. Мисоли ин ташкилоти экстремистию террористии ҲНИ буда метавонад. Танҳо дар давоми солҳои 2010-2015 аз ҷониби аъзоёни ҲНИТ содир кардани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин дар ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аксарияти онҳо ҷиноятҳои дорои хусусиятҳои эктремистӣ ва террористӣ, аз ҷумла барангехтани кинаю адовати динӣ, иштирок дар иттиҳодияҳои ҷиноятӣ ва эктремистию терористӣ, даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зуроварӣ тағир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Таърих гувоҳ аст,ки халқи тоҷик аз қадим хоҳони сулҳ аст ва харгиз бадиву хунрезиро қабул надорад. Ҳанӯз аз таъсисёбии ҳизби наҳзатиҳо маълум буд, ки ҳамчун ташкилоти террористӣ, лухтаки дасти кадом хоҷагони хориҷӣ мебошад. Мардум борҳо иддао доштанд, ки ақидаҳои ташкилоти террористии ҳизби мамнуъи наҳзатиҳо исломро ниқоб кардаву бо таълимоти мазҳаби ҳанафӣ созгор нестанд, зеро аз даъватҳои ТЭТ ҲНИТ буи хун меояд.
Он солҳо ташкилоти террористии ҳизби нахзатиҳо ошкор намекард, ки дар хориҷа пуштибон доранд ва нақшаҳои хоҷагони худро алайҳи халқи тоҷик амалӣ менамуд. Ташкилоти террористии ҳизби наҳзат худро бо ҳар баҳона сафед кардани шуда, аз номи дини поки Ислом баромад мекард.
Мутаассифона, баъзе аз кишвархо манфиатҳои геополитикии худро пеша карда, аз стандартҳои дугона истифода менамоянд. Аз ҷумла, Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки зери қаноти созмонҳои ба ном байналмилалию ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ки ҳадафи аслиашон танҳо ҳимояи манофеи кишвари муассис аст, минбарҳои таблиготиро дар ихтиёри террористоне чун Кабирию пайравонаш мегузоранд ва онҳоро маблағгузорӣ мекунанд. Аммо ин гурӯҳҳо ба ҳадафи нопоки худ нахоҳанд расид, зеро мардум ҳақиқати воқеиро дарк намуд ва фаҳмид, ки ин мутаассибон чи нақшаҳои нопокеро дар сар доранд. Наҳзатиён лаънаткардаи худо ва халқ ҳастанд, зеро онҳо барои фиреб додану гумроҳ кардани мардум маҳз аз дини ислом истифода бурданд.
Аз ҷониби иддае аз ин ташкилоти ифротгаро барои паҳн намудани ақидаҳои экстремистӣ ва террористӣ сайтҳои интернети истифода мешавад, ки дар онҳо баёнияҳо, паёмҳои роҳбарият ва фаъолони он ба халқи тоҷик нашр мешавад. Фаромӯш набояд кард,ки барои сомонаҳои ифротии наҳзатӣ миллат ва халқу ватан арзише надоранд. Онҳо аз ин воситаҳо танҳо барои ба ҳадаф расидан сӯистифода мекунанду халос ва кушиш мекунанд, ки бо туҳмату буҳтон давлату миллатро сиёҳ кунанд.
Дар воқеъ, дар замони ҷаҳонишавии манфиатҳо, суиистифодаи ғаразнок ва ҳадафманди ин зуҳуроти манфӣ аз ҷониби нерӯҳои гуногуни сиёсӣ афзун мегардад. Рӯ овардани бозингарони майдони сиёсии олам ба ин амали мудҳиш ва зишт ҳамчун воситаи расидан ба мақсадҳои нопок дар шаклҳои гуногун сурат мегирад. Ҳодисаҳои тавлиди Толибон дар Афғонистон, нерӯҳои муқобили режими давлатдории Асад дар Сурия ва ниҳоят пайдоиши Давлати исломи дар миёни кишварҳои Ироқу Сурия гувоҳи гуфтаҳои болост.
Хулоса аз ҳадафҳои нопоку разилонаи ТЭТ ҲНИ ва Гурӯҳи 24 бояд ҳамеша огоҳ бошему ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода ба суханҳои маслиҳатомезӣ Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такя намоем, ки ҳақиқатнигарона таъкид намуданд: «Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худи ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест».
Баҳодурзода Абдуҷаббор Саттор – узви Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ.