Ш.ШОҲИН. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар деҳаи деҳаи Арабои ҷамоати деҳоти Саричашма суҳбат атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ доир намуданд.
Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Неъматов Абдуҷаббор ва дигар шахсони давъатӣ иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар қисмати сиёсии вохӯрӣ масъулин дар назди ҷамъомадагон аз суханҳои арзишманду таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тавассути нерӯву тавони тоҷику тоҷикистониён ҷиҳати бунёд намудани нерӯгоҳҳову нақбҳо, роҳу пулҳо ва инфрасохторҳои нав, ҳатто агар лозим шавад «бо нохун кандан»-и нақбҳо аз ҳамон нангу номус, тавонмандии ватандориву ватанпарастӣ шаҳодат медиҳад. Ин худ дарси хештаншиносиву даъватест баҳри дар ин ҷода саҳмгузорӣ намудан барои ҳар як ашхоси худогоҳу меҳанпарасти тоҷик ёдоварӣ намуданд. Инчунин, дар идома самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, аз ҷумла огоҳонидани сокинрон аз паёмадҳои хатаровари ташкилотҳои террористиву экстремистӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, дар доираи қонунҳоимиллӣ амал кардани шаҳрвандон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, тақвияти касбу ҳунарҳои мардумиро мавриди баррасӣ қарор дода, ҳамагонро ба корҳоисозандагиву бунёдкорӣ давъат намуданд.