БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунар беҳ аз ганҷу зар аст

ҶАЙҲУН. Бо мақсади таъмини иҷрои нақша –чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар деҳаи  Ҷавонони ҷамоати деҳоти Қумсангири ноҳия чорабинии таблиғотии ҳизбӣ атрофии самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва ҳамчунин вобаста ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҷумагул Шомаҳмадова,сармухосиби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Хоҷаева София, мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ғафорова Насимахон бо сокинони деҳаи болозикр доир гардид.

Зимнан раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Шомаҳмадова Ҷумаъгул вобаста самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ муфассал суханронӣ намуда, ҳозиринро қаноатманд кард.

Ҳамин буд, ки дар рафти баргузории чорабинӣ аз ҷониби ҳозирин даъват ба амал омад, ки бо мақсади рӯҳбаландии дастдорони рушди ҳунарҳои мардумӣ чунин чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ ва намоиши маҳсулотҳои дастранҷи ҳунармадон доир карда шавад то ки ҳунармандон ба шавқ омада, маҳсулотҳои дастранҷи хешро бештар истеҳсол карда, дар рушди ҳунарҳои мардумӣ саҳм гузоранд.

Дар фарҷом раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Шомаҳмадова Ҷумаъгул ба суолҳои ҳозирин вобаста ба масъалаи ҷойдошта, ҷавобҳои амиқ гардонид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg