ҲАМАДОНӢ. Дар асоси нақша-чорабиниҳо барои нимсолаи дуюми соли 2018 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ҷамъияти матлубот»-и ноҳия хониши сиёсӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия баргузор гардид.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода дар бораи яке аз ҳадафҳои стратегии давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини амнияти озуқавории мамлакат бо ҷамъомадагон суҳбат намуда, қайд кард, ки вазифаи асосии деҳқонону кишоварзон ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ аст. Ва ҳамин чиз нақши онҳоро дар татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии давлату ҳукумати кишвар-ҳифзи амнияти озуқаворӣ муайян менамояд.