ФАРХОР. Ҷиҳати дар амал татбиқнамоии ҷадвали баргузории мулоқоту вохӯриҳо масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо ҳизбиёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Боғчаи №3» мулоқот доир намуданд.
Дар назди ҳозирин мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Раҳмонов Далер баромад намуда, оид ба масъалаҳои шурӯъ аз боғча тарбия кардани насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, дар замири онҳо бедор кардани ҳисси ифтихори миллӣ суханронӣ намуданд.
Ҳамчунин, атрофи риояи ҳатмии Қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ибрози андеша намуданд.
Баъди ҷамъбасти маҷлис масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия аз шароиту имконоти будубоши кӯдакони ин боғча шинос шуда, ба роҳбарияти ин боғча барои тарбияи дурусти кӯдакон баҳои баланд доданд.