БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Аксияи ҳизбӣ мушкилоти мардумро осон кард

ТЕМУРМАЛИК. Ба  истиқболи арзандаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагию бунёдкорӣ ва дигар амалҳои хайр дар ноҳияи Темурмалик вусъати тоза дорад.

Хусусан ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбии таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» амали некбинона ба анҷом расонида шуд . Солҳои зиёд буд , ки мардуми деҳаи Булакдашт, ҷамоати деҳоти ба номи Саидмӯъмин Раҳимов барои ворид гаштан ба дохили деҳа аз набудани купрук мушкилоти зиёд доштанд . Хушбахтона бо пешниҳод ва ташаббуси ҳизбиёни деҳа тасмин гирифта шуд , ки кӯпрукро ба таври ҳашари дастаҷамъона бунёд намоянд .

Ба муносибати ба истифода додани кӯпруки гузаргоҳи деҳаи Булакдашт, ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки  узви Раёсати Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳия Аслзода Эмомиддин Муҳриддин, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҷабзода Маҳмадсаид , роҳбари гурӯҳи корӣ ва дигар шахсони даъватӣ  баргузор шуд.  

Сокинони деҳаро ба ин рӯзи хурсандӣ масъулин муборакбод  гуфта , ин амали неки ватандӯстонаи онҳоро дастгирӣ кард .  

Мавриди зикр аст , ки дар ин кори хайр дигар зодагони деҳа, ки берун аз ноҳия кору фаъолият доранд, саҳми арзандаи худро гузоштаанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg