БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Либоси миллӣ оинаи фарҳанги миллат аст!

ПАНҶ. Либоси миллӣ нишоне аз таъриху фарҳанги кадимаи ҳар як халқияту миллат аст. Нигаҳдории либоси миллӣ ва аз насл ба насл мерос гузоштани он вазифаи муқаддаси ҳар як ҷавони соҳибхирад аст.

Вобаста ба  ин мавзӯъ бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидоии “Пешқадам 1”-и ҷамоати деҳоти Намуна бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб вохӯрӣ доир гардид.

Дар ин чорабинӣ Носиров Ёғибек муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ноҳия, Ҳошимов Тоҳир мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроия ва Гулов Сафаралӣ раиси ҷамоати деҳоти Намуна иштирок намуданд.

Зимнан, масъулин  атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб- пешгирӣ аз майл ба фарҳанги бегонапарастӣ бо мақсади ҳифзи ҳуввияту асолати миллӣ   ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ суҳбатҳо намуда,

Аз ҷумла, кайд карданд, ки   халқи тоҷик аз қадим либосҳои зебои занона дошт ва ҳеҷ гоҳ чодарпӯшу сиёҳпӯш набуд. Аммо мутаассифона, бархе аз занони тоҷик моҳияти ранги сиёҳи либоспӯширо надониста,  либосҳои ба миллати мо бегонаро ба бар мекунанд, ки хилофи урфу одат ва маданияти либоспӯшии мардуми тоҷик аст.  Лозим аст, ки дар замири насли ҷавон ҳисси эҳтиром ба  фарҳанги  асили миллиамонро парвариш намоем, то ин ки онҳо- ояндаи давлату миллат ба бегонапарастӣ ва пӯшидани либоси ба мо ғайр дода нашаванд.

Ҳамчунин, зимни баромадҳо оиди амалҳои террористию экстремистии ҳизби наҳзати ислом қайд шуд. Душманони миллат - аъзои гурӯҳи зархаридони наҳзатӣ дар ҳамдастӣ ва ҳамкорӣ бо охундҳои эронӣ барои ноором кардани вазъи кишварамон бо поймол кардани нангу номуси миллӣ  садҳо амали ваҳшиёнаро анҷом доданд.

Ин амалҳои душманонаи хоинони миллатро иштирокчиёни вохӯрӣ сахт маҳкум намуда, нисбати фурӯхташудагони миллати тоҷик лаънат хонданд.

Чорабинӣ бо намоиши ҳунарҳои дастии ҳунармандони маҳалла идома ёфта, иштирокдорон аз онҳо дидан намуданд.

 

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg