КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази дандонпизишкии вилоятии №2” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор карда шуд.
Зимни вохӯрӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази дандонпизишкии вилоятии №2” Дониёров Ҳусейн иштирок ва баромад намуданд.
Қайд карда шуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои некӯаҳволии мардум ба тасвиб расидааст. Беш аз даҳ соли татбиқи қонуни танзим агарчӣ дар равзанаи рӯзгор як марҳилаи хело кӯтоҳ намояд, вале садҳо ё ҳазорҳо оиларо аз вартаи камбағалию муфлисшавӣ наҷот дод.
Вобаста ба дигар паҳлуҳои самти афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла оид ба зиёд гардидани бемориҳои сироятӣ ва роҳҳои пешгирӣ аз он сухан гуфта шуд.