ДӮСТӢ. Охири ҳафтаи гузашта вохӯрии и.в.раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Қурбонов Абдулҳафиз бо аъзои ҳизб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Идораи барқ» доир гардид.
Зимни баргузории вохӯрӣ масъулин китоби “Одобномаи корманди ҳизбӣ” ва моҳияту мундариҷаи ин санади муҳимро ба иштирокчиён шарҳу тавзеҳ дода, зикр карданд, ки минбаъд ҳар як узви ҳизб фаъолнокӣ ва масъулияти худро дар ҷомеа новобаста аз касбу кор бештар намояд.
Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Гулов Баҳром ҳамзамон, вазифаи сардори Идораи шабакаҳои барқи ноҳияро ба уҳда дорад, афзуд, ки имрӯз масъулияти бештар бобати тарғиби иншооти муҳими аср НОБ-и Роғун дар байни аҳолӣ, инчунин муносибати дуруст дар ин самт аз корамндони барқ вобастагии калон дорад.
Ҳамин тариқ дар фарҷоми вохӯрӣ 5 нафар корманди навтаъингардидаи ташкилоти ибтидоии “Идораи барқ” барои аъзо шудан ба сафи ҲХДТ ариза пешниҳод намуданд, ки аз ҷониби масъулин бо хушнудӣ пазируфта шуданд.