БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ифодагари оромонҳои мардум аст!

ПАНҶ. Дар ташкилоти ибтидоии «Пешқадам»-и ҷамоати деҳоти Намунаи ноҳияи Панҷ дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия бо аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоӣ вохӯрӣ доир гардид. 

Дар рафти мулоқот Файзиев Каримҷон раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия,  Шомаҳмадзода Музаффар мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия иштирок доштанд.

Дар қисмати аввали мулоқот Файзиев Каримҷон оиди ҷашни муҳими давлатии 24-солагии таъсисёбии ҲХДТ ибрози андеша намуда, қайд кард, ки имрӯз танҳо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қодир аст, ки ободии Тоҷикистон, рӯзгори осудаи мардум ва сулҳу ваҳдати комилро дар саросари кишвар пурра таъмин намояд.  ҲХДТ бо роҳбарии  Раиси муаззами он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳамчун ҳизби мардумӣ, ҳизби умеду орзуҳои халқи Тоҷикистон унвон гардида, ба шарофати амалисозии барномаҳои гуногуну мақсаднок ва ҳадафҳои он дар ҷомеа ягонагӣ, оромиву осудагӣ ҳукмфармо шудааст. Дар воқеъ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ифодагари оромонҳои мардум мебошад.

Дар идома ҳамчунин атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб дар робита бо маҳал суханронӣ гардида, қайд карда шуд, ки ҳизбиёнро зарур аст, ки дарсҳои ватандориву ватансозиро ба ҷомеа, махсусан қишри ҷавони он бештар ва ба таври моҳирона ба роҳ монанд, онҳоро дар раванди корҳои созандагию бунёдкорӣ фаъол намоянд.

 

 

 

                                                          

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg