ВОСЕЪ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «АДСИН»-и ноҳияи Восеъ тибқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардида, дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафарова Ҳафиза ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуот Гулрухсор Мирзоева иштирок намуданд.
Зинан Сафарова Ҳафиза қайд кард, ки ҳар шахс дар пиронсолӣ, ҳангоми беморӣ, маъюбӣ, гум кардани қобилияти кор, маҳрум шудан аз сарпараст ва мавридҳои дигаре, ки қонун муайян кардааст, кафолати таъмини иҷтимоӣ дорад. Назорати истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Агентӣ муайян гардидааст.
Инчунин, Давлатёров Рустам сардори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳия иброз дошт, ки бо мақсади амалӣ намудани стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, №1504 тасдиқ гардидааст, таъин ва пардохти нафақаву кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ ва пешгирии хароҷоти ғайримақсадноки маблағҳои Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа зери назорати қатъӣ қарор дода шуда, дар ин раванд пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд.