Ҷ.БАЛХӢ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ҳумо» хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ доир намуданд.
Хониши сиёсиро мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Алиев Зафар кушода, дар бораи ба фаъолият оғоз намудани НБО “Роғун” ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ибрози андеша карда, афзуд, ки ин рӯйдоди таърихии баробарарзиш ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки бо талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта шуда, чархаи аввали он дар рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана ба истифода дода шуд, ки ин санаи муборакро мардуми тоҷик дербоз интизор буданду ба орзуи деринтизорашон расиданд.
Дар охир иштирокдорон барои сарфаҷӯёна истифодабурдани қувваи барқ, пардохти саривақтии маблағи он ва расидан ба қадри заҳматҳои Роҳбари давлат даъват карда шуданд.