Н.ХУСРАВ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав дар ташкилоти ибтидоии “Бахши фарҳанг”-и ноҳия бо иштироки ҷавонону наврасон ва кормандони ташкилоти мазкур маҳфили илмӣ-фарҳангӣ дар мавзӯъи “Нақши ҷавондухтарон дар амалигардонии Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” баргузор гардид.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Алиева Сураё чорабинии мазкурро ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки баргузории чунин чорабиниҳо дар тарбияи насли ҷавон нақши калидӣ дошта, ҷавондухтаронро дар рӯҳияи хештаншиносӣ, худогоҳӣ, маърифатдӯстиву масъулиятшиносӣ тарбия менамояд.
Аз ҷониби ҷавондухтарон доир ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барномаи рангин ва маҳсули бо дастони худ омоданамудаашонро пешкаши ҳозирин гардониданд.