ПАНҶ. Дар деҳаи Пешқадам-2-и ҷамоати деҳоти Намунаи ноҳияи Панҷ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои марумӣ намоиши нигораҳои ҳунармандон доир шуд.
Дар чорабинии мазкур занону бонувони маҳал ҳунарҳои дастии худро ба намоиш гузошта буданд. Дар рафти чорабинӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Носиров Ёғибек ба сухан баромада, иброз намуд, ки ба хотири боло бурдани сатҳу сифати зиндагии сокинони кишвар соли 2018 дар мамлакат Соли рушди сайёҳӣ ва хунарҳои мардумӣ эълон карда шуд. Дар воқеъ, соҳаи сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими ҷиҳати бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат буда, он бо василаи муаррификунандаи олами набототу ҳайвонот ва ҷойҳои таърихии кишвари зебоямон гардида, хориҷиён бо кишвари биҳиштосои Тоҷикистон шинос мешаванд. Дар ин асно ҳунарҳои мардумӣ низ рӯ ба рушд ниҳода, ба таври муассир бо навгониҳо эҳё гардида истодаанд.
Баъдан, мавсуф зимни суханронӣ ои ба и ҳифзи ҷавонон аз паёомадҳои хатаровари асри 21-терроризму экстремизм ибрози андеша намуда, аз иштирокдорон даъват ба амал овард, ки ҳама саъю талош бар он намоянд, ки мафкураи ҷавонон бо фикру ақидаи аъзои гурӯҳҳои нохалафи наҳзатӣ, ки мақсадашон ноором кардани вазъи кишвар мебошад, олуда нашаванд. Ҷавононро танҳо дар роҳи созандигиву бунёдкорӣ раҳнамо шаванд.
Дар идомаи чорабинӣ занони маҳал ин иқдоми неку ояндасози Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ҳамаҷониба дастгирӣ карда, барои ба таври муассир аз нав эҳё шудани хунарҳои мардумӣ андешаронӣ намуданд.
Чорабинӣ бо барномаи фарҳангии ҷавонони маҳал, ки дар он намоиши саҳначаҳои тарбиявӣ, ки ба саҳна гузошта буданд, ҷамъбаст гардид.