ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Лоҳур” намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Каримов Пирмуҳаммад иштирок намуда, доир ба мавзӯъҳои Истиқлолияти давлатӣ- гаронтарин дастоварди давлатдорӣ, корҳои ободониву созандагӣ дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию иртиҷоӣ, риояи қонунҳои миллӣ, татбиқи барномаҳои давлатӣ дар самти рушди маҳал, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, тарғиби фарҳанги миллӣ, нақши сиёсии Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ва системаи энергетикии мамлакат, пешгирии аҳолӣ аз бемориҳои сироятӣ, аз қабили ВНМО/БПНМ суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон ба як қатор аъзои навинтихобшуда, билетҳои ҳизбӣ тақдим гардид.