Яке аз омилҳои густариш ёфтани ифротгароӣ ва терроризм ин аз ҷониби ташкилотҳои террористӣ васеъ истифода гардидани технологияҳои муосири иттилоотӣ, бахусус, шабакаи интернет бо мақсади пешбурди ташвиқоти экстремистӣ, ба сафҳои худ ҷалб намудани аъзои нав, омода ва роҳбарӣ намудан ба амалҳои харобкоронаи онҳо маҳсуб меёбад. Аз ин лиҳоз, тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла мубодилаи иттилоот дар бораи тарзу усулҳои муассири пайгирӣ намудани чунин сомонаҳо, аз шабакаи интернет хориҷ намудани онҳо ва расонидани кумаки байниҳамдигарӣ дар ин самт шарти муҳимми комёбӣ дар мубориза бо кибертерроризм мебошад.
Эмомалӣ РАҲМОН
Зарфи ду-се ҳафтаи охир хабарҳои такондиҳанда аз сарнавишти ҳамватанон дар хориҷи кишвар мерасиданд. Таваҷҷӯҳи расонаҳоро бештар хабарҳо дар бораи бозгардонидани кӯдакон аз Ироқ ва Сурия ба худ мекашид. Инҳо ятимон буданд. Аниқтараш касоне буданд, ки замоне бо волидонашон ба Сурия ё Ироқ рафтаанд. Дар ҷангҳо падару модару бародарони худро аз даст додаанд ва тани танҳо, бесарнавишт дар шаҳрҳои кишвари барояшон бегона мондаанд. Дари умед ба хонаи умеду ватанашон боз шуд. Тоҷикистон онҳоро ба оғӯш кашид, қисмате баргардонида шуданд ва боз қисамати дигар ҳамоно дар хориҷанд. Мақомоти дипломатии кишвар бо истифода аз ҳар роҳу восита онҳо ба Ватани аҷдодиашон бармегардонанд.
Сарнавишти талхе занони ҷангиёни тоҷик дар Сурияро насиб шудааст. Замоне онҳо бо шавҳарони худ ва ё ба дунболи онҳо ғайриқонунӣ ба мамлакати ҷангзадаи Ироқ ё Сурия рафтанд. Шавҳаронашон дар муҳорибаҳо кушта шуданд ва онҳо бо фарзандонашон овораву саргардон монданд.
Навидҳо аз Сурия баъзан даҳшатноктар аз онанд, ки мо тасаввур мекунм. Ҳоло 13 зани тоҷикро дар додгоҳи Сурия аз озодӣ маҳрум мекунанд ва ҷурмашон ширкат дар ҷангҳо ба ҷонибдорӣ аз “Давлати исломист”. Ҳарчанд исми онҳо дақиқан маълум нест, вале сарнавишташон маълум. Бо шавҳаронашон рафтанд ва акнун қисмати талхе онҳоро баъди марги мардон дар зиндонҳои давлати бегона интизор аст.
Яке аз онҳоро расонаҳо бо исми Нодирабегими Ҳамзаи 25-сола ёд карданд, ки соли 2015 аз ноҳияи Зафаробод ҳамроҳ бо се бародар ва модараш ба Ироқ рафтааст. Падараш Ҳамза мегӯяд ҳамсар ва фарзандонаш бе машварт ва дар бехабарии ӯ рафтаанд. Пештар хабари марги ду писарашро шунида буд, аммо аз зану духтараш иттилоъ надошт. Ба гуфтаи Ҳамза духтараш Нодирабегим соҳиби ду фарзанд буда ва аз замони рафтанаш то кунун ҳеч суҳбате бо падар надошт.
Як сарнавишти талх аст. Инсонҳои фиребхӯрда дар як муддати кӯтоҳ зиндагии осоиштаи худро барҳам заданд. Аз як оила 4-5 нафар рафтаву акнун иддае кушта ва иддае дигар дар банди зиндонанд. Аз 13 зане, ки додгоҳ муҳокима мекунад, чанде аллакай ҳукми абад гирифтаанд ва боқӣ интизори эълони ҳукми додгоҳанд. Онҳо тавре аз расмашон дар расонаҳо бармеояд, соҳиби фарзандони хурдакаке ҳастанд ва акнун умри ин фарзандон низ бо онҳо дар зиндон хоҳад гузашт.
Ва сарнавишти талхи дигар. Мутаассифона, ҳамватанҳои мо дар кишварҳои бегона раҳме ба ояндаи фарзандонашон намекунанд ва бачаҳои ноболиғи худро бо тасмимҳои осемасаронаву беоқибат гирифтори садҳо мусибат мекунанд. Оиша ном духтареи 16-солаи тоҷик дар ятимхонаи шаҳри Бағдод духтар таваллуд кард. Ин ноболиғро падараш ду сол пеш ба як узви ДОИШ ба занӣ дода будааст. Оиша соле пеш вақте нерӯҳои давлатии Ироқ шаҳри Мавсилро аз доишиён озод мекарданд, бо ду бародар ва як хоҳараш ба асорат афтод. Ҳукуматиҳои Ироқ онҳоро дар сағирхонаи ин шаҳр нигоҳ медоштанд. Бародарон ва хоҳарашро соле пеш ба Тоҷикистон истирдод карда буданд, вале азбаски худи ӯ ҳомиладор буд, мақомоти Ироқ иҷозати парвоз надоданд. Тибқи иттилои расмӣ 25-уми май вай аз таваллудхонаи Бағдод мураххас шуд ва ҳоло 40 рӯзи дигар бояд кӯдакашро парасторӣ кунад ва баъди он масъалаи истирдодаш ба ватан баррасӣ гардад. Модару кӯдакро Бунёди ҳимоят аз кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) якҷо бо масъулини ятимхона нигоҳубин мекунанд. Дар хабарҳо гуфта мешуд, ки тифли Оиша бо роҳи ҷарроҳӣ ба дунё омадааст, аз ин рӯ барои барқарор шудани саломатиаш 40 рӯз лозим аст.
Замоне ин оилаи Илҳомиддин Аслонов (падари Оиша) дар пойтахти Тоҷикистони орому осоишта як ҳаёти маъмулии босубот дошт. Вай аввал хонаводаи худро ба Русия бурд, шояд кор мекарду бо дастмуздаш нони беминнат мехӯрд. Аммо ин падари қурбонии фиреби ДОИШ се сол пеш ҳамсар ва фарзандонашро аз Русия ба Ироқ бурд ва ба сафи ба истилоҳ Давлати исломӣ пайваст. Тасмими бихирадонаи сарварони оила, ки зистану сарватманд шудан дар кишвари бегонаи ҷангзадаро бовар ба эътиқодашон медонистанд, онҳоро нобуд ва тифлонашонро саргардон кард. Имрӯз Оишаву даҳҳо ӯ барин ятимон заҳри ҳамон тасмими ноҷои волидайнро нӯш мекунанд.
Охири моҳи майи соли равон Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар дод, ки чор тифли бекасмодаи тоҷик дар Сурияро ба Ватан баргардонд. Яке аз онҳо Марям Шоева 11-сола буд, ки дар борааш зиёд гуфтанду навиштанд. Марям ҳоло дар тарбияи бобояш аст ва волидонаш дар ҷангҳои Ироқ кушта шудаанд. Марям акнун ба омӯзиш сар кардаву хату савод мебарорад, чун тӯли ин солҳо дар кишвари гирифтори ҷангу хунрезӣ аз таҳсил ҳам дур шуда буд. Чун ҳама тифлон садҳо орзу дар дил мепарварад, ки яке хондану духтур шудан аст. Давлати Тоҷикистон барои ӯ низ баробар ба атфоли дигар шароит фароҳам меорад ва ҳама заминаҳо барои расидан ба орзу муҳайёанд. Вале доғи бепадариву бемодарӣ солҳо аз қалби ӯ зудуда намешавад.
Тибқи иттилои ВКД бештар аз 1000 шаҳрвандони Тоҷикситон бо истифода аз роҳҳои гуногун ба Сурияву Ироқ рафтаву ба гурӯҳҳои тундрав пайвастаанд. Иддае аз онҳо куштаву захмӣ шудаанд, ииддае сарнавишти норушан доранд ва зумраи дигар ҳоло баъди танг шудани мавқеъи гурӯҳҳои террорист аз Сурия хориҷ ва дар дигар кишварҳо саргардонанд. Ва қатори онҳо садҳо тифлону наврасон низ ҳамин азоби бекасиву беватаниро мекашанд. Волидони фирефташуда шояд дар ибтидо намедонистанд, ки ҷанг ин қатлу куштор аст ва на танҳо онҳо одамони бегуноҳро мекушанд, балки худ низ кушта мешаванд. Ва шояд боре наандешиданд, ки агар онҳоро сарнавишти талхи ҳалокат дар ҷанг насиб шавад, тифлакони онҳо куҷо мераванд ва чӣ хоҳанд кард? Яқинан ин суолро касе аз онҳо ба худ надод ва ҷавобашро ҳам наҷуст, вагарна сарнавишти талх ба сари онҳо ва фарзандонашон намеомад.
Терроризм моҳиятан зуҳуроти тахрибкунандаи на танҳо шаҳрҳову рустоҳо, корхонаҳову иншоотҳост, балки тахрибкунандаи ақлҳои солим низ мебошад. Мошини таблиғотии он дар асри нав ба ҳадде нерӯманд аст, ки аз садҳо ки инсонҳоро ҷалб мекунад. Чашмаҳои нафтии давлатҳои арабии Халиҷи Форс, ки манбаи даромади аслист, як сабаби ҷалби гурӯҳҳову давлатҳо да роҳандозии амалиётҳои террористӣ шудааст. Мо дар бораи терроризми давлатӣ ин ҷо сухан намеронем, чун мавзуъи суҳбати мо низ нест. Мубаллиғони ДОИШ низ қабл аз ҳар чизи дигар таваҷҷӯи қурбониёни худро ба ҳамин сарватҳо ҷалб мекунанд. Онҳо аз фақру бенавоӣ дар мамолики ақибмонда истифода мекунанд ва мафкураи сарватманд шуданро талқин менамоянд. Яъне, ҷангидан ба хотири ислом ва соҳиби сарвати беминнат шуданд доштанд. Вале дар ниҳояти амр зери ин ҳама иддаоҳои ҷиҳодӣ ҳадафҳои сиёсӣ ниҳонанд. Б. Крозе – Директори пужуҳишгоҳи омӯзиши зиддиятҳои Лондон терроризамро «зӯроварии пӯшишдодашуда ба хотири ҳадафҳои сиёсӣ» меномад. Ба дигар маънӣ кишварҳо, гурӯҳҳо ва аҳзоб ба амали террористии худ сохтакорона сабаб нишон медиҳанд ва бо ин васила ҳадафи аслии худро пӯшида нигоҳ медоранд”.
Мутассифона, ҳамватанони мо низ қатори садҳову ҳазорҳо гумроҳон ин ҳадафҳои пӯшидаро пай намебаранд.
Адабиёт:
1. Эмомалӣ Раҳмон: Суханронӣ дар маросими ифтиттоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”, 04.05.2018, шаҳри Душанбе
- Хайрудинова Л.Р. Проблемы формирования в научной литературе категории «терроризм»
- Д. Хардман, «Терроризм», «Энциклопедии социальных наук» Том.14,в 1934 г.
- Башмакова М. Черный понедельник // Огонек. – 2017. - №14. – С.4 – 6 ЦБ
Г. Д. Ёқубова-узви ҲХДТ, омӯзгори ДДМИТ