БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ба қадри асолати миллии худ бирасем!

Ш.ШОҲИН. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар деҳаи Деҳқози ҷамоати деҳоти Саричашма атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, баргузори чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ суҳбат доир намуданд.

Зимнан Неъматов Абдулҷаббор мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯриро кушода, дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла терроризм ва экстремизм, пешгирии шомилшавии ҷавонон аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, рушди касбу ҳанарҳои мардумӣ,  ба сокинон расонидани моҳияти Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” андешаронӣ кард.

Баъдан Ҳошимов Абдураҳим мутахассиси шубаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба сухан баромада дар бораи эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ба фаъолият оғоз кардани агрегати якуми Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ҳарф зада, иштирокдоронро барои сарфаҷӯёна истифодаибурдани қувваи барқ, пардохти саривақтии маблағи он ва дар амал татбиқ намудани Аксияи ҳизбӣ раҳнамоӣ намуд.  

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg