ҶАӢҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар деҳаи Ҷуйбори ҷамоати деҳоти Қумсангири ноҳия чорабинии таблиғотии ҳизбӣ доир ба Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ва вобаста ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҷумагул Шомаҳмадова доир гардид.
Дар чорабинии мазкур ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулотҳои кишоварзии дастранҷи деҳқонон ба намоиш гузошта шуд. Ҳамчунин, дар ин чорабинӣ бонувони ҳунарманди деҳа чанд навъ хӯрокҳои миллиро омода намуда буданд, ки воқеъан тавонистанд ҳунари катбонугии хешро ба ҷавондухтарони дар чорабинӣ иштирокдошта нишон диҳанд.
Дар рафти чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҷумагул Шомаҳмадова вобаста ба амалӣ гардидани самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, аз ҷумла, сафарбар кардани сокинон ба сарфаву сарриштакорона истифода бурдан аз нерӯи барқ бо мақсади ноил шудан ба истиқлолияти комили энергетикӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум аз хатари терроризму экстремизм ва роҳҳои ҷалби шаҳрвандон ба ташкилотҳои экстремистиву террористӣ, бегонапарастиву майл ба фарҳанги бегона, истифодаи нодурусти технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ, аз байн бурдани таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ бо мақсади таъмини солимии маънавиёти ҷомеа, тарғиби нақши урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ дар тарбияи ахлоқиву маънавии ҷомеа ва тарғиби риояи қонунҳои миллӣ ва дуруст сафарбар кардани хайру сахо ҳамчун асоси рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангии ҷомеа муфассал баромад намуданд.
Ҳамчунин дар рафти чорабинӣ Шомаҳмадова Ҷумаъгул оид ба муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ баромад намуда, иброз дошт, ки бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳия як қатор чорабиниҳои таблиғотии ҳизбӣ дар маҳаллаву деҳаҳои ноҳия баргузор гардида истодаанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон иброз намуданд, ки: -«Миллате, ки ба анъанаҳо, урфу одатҳои аҷдодӣ ва ойинҳои миллии хеш ифтихор дорад, наметавонад аз неъмати бебаҳои Истиқлол баҳра гирад, дар бунёди давлат ва давлатдории навин саҳм гузорад. Чунки тоҷиконро ҳамчун миллати сулҳпарвар, соҳиби тамаддун ва фарҳанги бузурги миллӣ бо анъанаҳои нек, урфу одатҳои созандаву хайрхоҳона мешинохтанд ва мешиносанд».
Дар фарҷоми чорабинии мазкур занону бонувони ҳунарманди деҳа, ки ба дӯхтану бофтани матоъҳои миллии хоси мардуми тоҷик машғуланд ваъда доданд, ки соли 2018 - Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро самаранок истифода бурда, дар ин сол кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки маҳсулотҳои дастранҷи истеҳсолиашонро нисбат ба солҳои қаблӣ бештар истеҳсол намуда, ҳунарҳои мардумиро аз нав эҳё хоҳанд кард.