БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Нерӯгоҳи барқии обии Роғун ҷабҳаи кору пайкор барои наслҳои оянда

А.ҶОМӢ. Дар ташкилоти ибтидоии «Истиқлол» бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳалимов Муҳаммаддовуд дар асоси нақша-чорабиниҳо хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Ҳалимов Муҳаммаддовуд дар баробари шарҳу тавзеҳ ва татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба мавзӯъҳои баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум аз хатари терроризму экстремизм ва роҳҳои пешгирии шаҳрвандон ба ташкилотҳои экстремистиву террористӣ, пешгирӣ аз хатари ҳизбу ҳаракатҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ ба амнияти кишвар ва аҳолии он, аз байн бурдани таассуби динӣ ва хурофот бо мақсади таъмини солимии ҷомеа, пешгирӣ аз бегонапарастиву майл ба фарҳанги бегона ва оқибатҳои манфии он ба ҳуввияту асолати миллӣ, тарғиби нақши урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ дар тарбияи ахлоқиву маънавии ҷомеа, пешгирӣ аз истифодаи нодурусти технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун хатар ба амнияти миллӣ, чораандешӣ ҷиҳати дар миёни аҳолӣ ба вуҷуд овардани ҳисси муқовимат бо коррупсия ҳамчун омили хатарнок, ба роҳ мондани мубориза бар зидди нашъамандиву нашъаҷаллобӣ ҳамчун вабои аср, ба роҳ мондани корҳои тарғиботӣ ҷиҳати пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ба хотири таъмини солимии ҷомеа, тарбияи ҳарбӣ ватандӯстии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба хизмати ҳарбӣ, тарғиби риояи қонунҳои миллӣ ва дуруст сафарбар кардани хайру сахо ҳамчун асоси рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангии ҷомеа ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни шаҳрвандон дар самти паст кардани сатҳи бекориву камбизоатӣ дар заминаи рушди соҳибкорию хоҷагидорӣ ва корҳои хонагӣ вобаста ба эълон гардидани соли 2018, ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ба истифодадиҳии аввалин агрегати НБО Роғун ва сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ маълумотҳои судманд доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg