ХУРОСОН. Мувофиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар ташкилоти ибтидоии «Ҳисоробод»-и ҷамоати деҳоти Фахробод бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон бо сокинон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Соли тақвияти робита бо маҳал вохӯрӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣбахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва хунарҳои мардумӣ доир гардид.
Зимнан масъулин аз намоиши ҳунарҳои мардумии занону модарони ҳунарманди деҳа, ки маҳорати баланди ҳунармандӣ ва шаклу услуби гуногун омода кардаву ба намоиш гузошта буданд, дидан карданд.
Баъдан дар қисмати сиёсии вохӯрӣ сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фаъолияти аввалин агрегати Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ки бо ташаббуси Роҳбари давлат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кор дароварда шуд,ибрози андеша намуда, сокинон барои расидан ба қадри заҳмату меҳнати софдилонаву садоқатмандонаи Пешвои миллат нисбат ба давлату миллат раҳнамоӣ карда шуданд.
Инчунин, дар ин раванд, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизбмавриди баррасӣ қарор дода шуданд, ки ҳамагон суханрониҳои судмандро якдилона дастгирӣ намуданд.