БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон ба созандагиву бунёдкорӣ камар бастаанд

ХОВАЛИНГ. Дар деҳаи Шугнови ҷамоати деҳоти Шугнов оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  вохӯрӣ гузаронида шуд, дар назди ҷамъомадагон мудири шуъбаи  кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия С. Алиев баромад намуда, ҳозиринро ба муҳтавои он шинос  кард.

Дар баромад оид ба пешниҳоди Пешвои миллат - Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018, истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ саҳме дар расидан  ба истиқлолияти энергетикӣ, тарбияи ҷавонон барои шинохти асолати хеш бо мақсади нагаравидани онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, мубориза ба терроризм ва ифротгароӣ, истифодаи дуруст аз технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ, дарк намудани оқибатҳои фоҷиабори нашъамандиву нашъаҷаллобӣ, ришвахӯриву ришваситонӣ (коррупсия), пешгирӣ аз сироятёбии бемориҳои хафнок хеле рушан ва фаҳмо сухан рафт.

 Инчунин, дар суханронии  С. Алиев моҳияти хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мисоли ҷавонони бонангу номуси диёр-ҷанговарони башардӯст ва онҳое, ки қарзи шаҳрвандии худро дар назди Ватан -Модар бо ифтихорнома, сипоснома ва нишонҳои сарисинагӣ адо намудаанд, шарҳу тавзеҳ дода шуд.

Сокинони деҳа ба ифтихори Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ намоиши ҳунарии ҳунармандонро бо намунаи зиёди ҳунарҳои дастӣ ба намоиш гузоштанд, ки ба ҳамагон писанд омад.

Сокинони маҳал дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вадар партави Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» оид ба сазовору арзанда истиқбол гирифтани санаи барои мардуми Тоҷикистон хеле муҳим 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бунёди Боғи  «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба уҳда гирифтанд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg