БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Одобномаи корманди ҳизб-асоси фаъолияти ҳизбиён

ҲАМАДОНӢ. Дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия санади нави меъёрии ҳизбӣ таҳти унвони «Одобномаи корманди ҳизб», ки аз тарафи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тасвиб расидааст, ба аъзои Кумитаи иҷроия ва фаъолони ҳизб муаррифӣ гардид.

Зимни муаррифӣ қайд гардид, ки корманди ҳизбӣ бояд меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқиро риоя намояд, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф, эҳтиром ва ҳифз кунад. Дар ин замина, аъзои Кумитаи иҷроия ва дигар фаъолони ҳизб ӯҳдадор гардиданд, ки принсипҳои фаъолияти ҳизб ва интизоми ҳизбиро риоя намуда, новобаста аз вазифа ва мансабҳои давлативу ҷамъиятии худ ҳадафҳои созандаи ҳизбро дар амал татбиқ намоянд.

Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ба ҳамаи фаъолони ҳизб «Одобномаи корманди ҳизб»-ро дастрас намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg