БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷавонон қувваи бузург ва ояндаи миллат

ФАРХОР. Дар деҳаи Золи-зарди ҷамоати деҳоти Деҳқонариқ вохӯрии навбатии масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо сокинони ин деҳа баргузор гардид.

Дар ибтидо Шаҳбози Искандар дар назди ҳозирин ба сухан баромада, ҷиҳати пешгирии шомилшавии сокинон ба ташкилоту ҳаракатҳои террористӣ-экстремистӣ ва огоҳонидани онҳо аз ҳадафу таҳдидҳои он гурӯҳҳои иртиҷоӣ ва пешгирии нашъамандию нашъаҷаллобӣ миёни сокинон ибрози ақида намуда, аз сокинон даъват ба амал овард, ки ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ба тарбияи фарзандон дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва илмомӯзӣ ҷиддӣ машғул шаванд.    

Сипас, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҳмонов Далер дар назди сокинон баромад намуда, бо мақсади баланд бурдани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва пешгирии бемориҳои сирояткунанда ба монанди ВИЧ/СПИД ва Гепотит суханронӣ намуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg