НОРАК. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дуконӣ-2” вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар он намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ Ғафурзода Фирдавс ва мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроия Муслима Ғуриева иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимнан масъулин дар назди ҷамъомадагон аз суханрониҳои Пешвои миллат дар ноҳияи Данғара оид ба вусъати кишту кори такрорӣ, рушди корҳои хоҷагидорию кишоварзӣ ва самаранок истифода бурдани ҳар ваҷаб заминҳои киштшаванда дар таъмини амнияти озуқаворӣ ёдоварӣ карда, инчунин атрофи баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум аз хатари терроризму экстремизм ва роҳҳои пешгирӣ аз он, пешгирӣ аз бегонапарастиву майл ба фарҳанги бегона, пешгирӣ аз истифодаи нодурусти технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ суханронӣ карданд.
Дар фарҷом директори Гимназияи давлатии №1 Фароғатзода Насиба дар мавзӯъи Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сухан баромада қайд намуд, парчам ва дигар муқаддасоти миллӣ шиносномаи давлатро ифода намуда, ҳар як давлату миллатро аз руйи парчам ва дигар муқаддасоташ мешиносанд.
Парчам ва дигар муқаддасоти миллӣ рамзҳои соҳибистиқлолӣ буда, дар паноҳи халқ ва қонун қарор доранд. Мутобиқи моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ ба сифати рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардида, онҳо ифодагари истиқлолият, ваҳдату ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмиву иттиҳоди халқу миллатҳои сокини кишвар, муборизаи онҳо барои озодӣ ва рамзи соҳибихтиёрии Тоҷикистонро ифода менамояд.