МӮЪМИНОБОД. Вохӯрии навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ХҲДТ дар ноҳияи Мӯъминобод бо сокинони деҳаи Хуҷаи Нури ноҳияи Мӯъминобод баргузор гардид.
Дар мулоқот сараввал самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, тарғиби урфу анъанаҳои миллӣ, расидан ба қадри оромии кишвар ва Ваҳдати миллӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар мулоқот муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мӯъминобод Раҷабова Гулсунбӣ иштирок намуда, вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ба кор даромадани чархаи якуми НБО “Роғун”, дар таъмини истиқлолияти энергетикӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби шаҳрвандони бекор ба корҳои хонагию касбу ҳунарҳо ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз андешаронӣ карданд.
Инчунин, дар деҳаи мазкур бо дастгирии сокинон ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шуда, раиси он узви фаъоли ҲХДТ Аслиддини Аловуддин интихоб гардид.