БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Парчами миллӣ-ифодагари иқболу истиқлол

КӮЛОБ. Бахшида ба солгарди Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ганҷи дониш» конфронси адабӣ  таҳти унвони: «Парчамат парафшон бод, Тоҷикистон!» баргузор гардид.

Пеш аз ифтитоҳи чорабинӣ меҳмонон аз намоиши китоби дар мавзӯъи  «Парафшон бош Парчам!» дидан намуданд.

Дар чорабинӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  Фирӯзи Сайидмӯъмин  ва  корманди  Китобхонаи вилоятӣ Саидов Назаралӣ  суханронӣ намуда, аз ҷумла, иброз доштанд, ки  хушбахтона, бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби Парчами миллӣ, яъне таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшони тоҷикон гардидаанд. Дар ҷаҳони муосир доштани Парчами миллӣ нишони истиқлолият, яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ва Ваҳдати миллӣ мебошад. Парчами миллӣ рамзи гиромидошти яке аз муқаддасоти миллати соҳибмаърифат, нишонаи муборизаву ҷоннисориҳои халқи тоҷик барои озодиву истиқлол, илҳомбахши кору фаъолияти фидокоронаи фарзандони содиқи миллат ва ҳидоятгару раҳнамоии мардуми кишварамон ба сӯи сарсабзиву шукуфоӣ ва зиндагии пурсаодат мебошад.

Дар охир Фирӯзи  Саидмӯъмин ба аъзои фаъоли маҳфили «Ганҷи дониш»-и назди Китобхона ботантана Ифтихорномаҳо супорид ва иштирокчиёни конфронс, махсусан, ҷавонон  барои баргузории чунин як вохӯрии гарму ҷӯшон изҳори миннатдории хешро иброз намуда, ваъда доданд, ки доимо барои пойдории сулҳу субот ва ваҳдату ягонагии Тоҷикистони азизамон  тамоми саъю кӯшиши худро равона месозанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg