БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Модари тоҷик аз азал ҳунарманд буд

ЁВОН. Бо мақсади тақвият додани дастуру супориш ва ҳидоятҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ , Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳ мон, ки соли 2018-ро ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳ ои мардумӣ эълон намудааст, дар деҳаи Сабзазори ҷамоати деҳоти Чоргул чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур аз ҷониби и.в.муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Солиҳов Маҳмадрасул ва корманди Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО (СПИД) Саидов Э. роҷеъ ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, иштироки фаъолона дар баргузории чорабиниҳои таблиғотию амалии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, саҳм доштан дар корҳои ободонию созандагии маҳал, риояи қонунҳои миллӣ, тарбияи дурусти фарзандон, эҳтироми шавҳар ва калонсол, пешгирии бемориҳои сироятӣ, даъвати навбатии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ суҳбати муфид анҷом дод.

Занону бонувони ҳунарманду чирадасти деҳаи мазкур аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати эълони Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, аз нав эҳё намудани ҳунарҳои қадима хушнуду сарфароз буда, бо як ҳавасмандӣ ҳунарҳои хешро тақвият дода истодаанд.

Дар чорабинӣ занону бонувон ҳунарҳои дастии хешро ба маърази тамошо гузошта, аз ҷониби масъулин ба хушнудӣ пазируфта шуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg