БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ватандӯстӣ аз сатҳӣ маърифатнокӣ вобаста аст

ДӮСТӢ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ баҳри баланд гардидани масъулияти ватандӯстӣ ва бедор намудани ҳисси миллии шаҳрвандон бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи «Пасиариқ» вохӯрӣ баргузор намуданд.

Зимни вохӯрӣ масъулин дар бораи хизматҳои арзандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тӯли 24 соли фаъолияти ҳизб, ҳифзи Ватан, арҷгузории муқаддасоти миллӣ, ба истифодадиҳии чандин иншоотҳои бузурги даврони Истиқлолият, аз ҷумла НОБ-и Роғун андешаронӣ карданд.

Дар вохӯрии мазкур раиси Кумитаи маҳалла Бӯри Иброҳимов, директори муассисаи таълимии №11 Маҳмадшоев Абдумалик ва якчанд омӯзгорону сокинони деҳот иштирок намуда, зикр карданд, ки Роҳбарияти ҲХДТ ягона шахсе мебошад, ки имрӯз тавонист мардуми Тоҷикистон ва миллати тоҷикро ба қуллаи мурод расонад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg