БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ – ҳизби зодаи истиқлолият ва масъулият мебошад!

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Тоҷикматлубот” тибқи ҷадвали баргузории хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Асадуллозода Ватан ва Исоев Фаррух иштирок намуданд.

Дар ин вохӯрӣ Асадуллозода Ватан доир ба 24- солагии таъсисёбии ҲХДТ сухан карда, қайд намуд, ки имрӯзҳо дар шароити гуногунандешии сиёсӣ ва мавҷудияти бисёрҳизбӣ масъулияти мо ҳамчун ҳизби ғолиби парлумонии кишвар дар ҷомеа ниҳоят калон аст. Мақсади аслии ҳизб саодати халқи кишвар ва бо дигар ҳизбу ҳаракатҳое, ки дар доираи қонун фаъолият мекунанд, робитаи созанда доранд. Қисми аз ҳарифони сиёсии мо даъвои онро доранд, ки обрӯи ҲХДТ ба он вобастааст, ки роҳбарии онро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ӯҳда доранд. Бале Роҳбари давлат барои ором кардани вазъи сиёсии мамлакат, баргардонидани гурезаҳо, аз буҳрони иқтисодӣ наҷот додани кишвар ва ободу зебо гардидани гӯшаю канори мамлакат корҳои бузургеро анҷом додааст ва анҷом додаистодааст. Бинобар ин, дар миёни мардум обрӯ ва маҳбубияти хоса дорад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg