БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Эҳёи фарҳанги миллӣ таҷассумгари оинҳои ҳазорсолаи миллати тоҷик аст

ЁВОН. Дар деҳаи Зафари ҷамоати деҳоти Норин, ки аксаран мардуми ӯзбекзабон зиндагонӣ ва иқомат мекунанд, занони ҳунарманди ин мавзеъ бо ҳунарҳои волои худ дар миқёси ноҳия ва берун аз он шинохта шудаанд. Дирӯз дар доираи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо дар деҳаи Зафари ҷамоати деҳоти Норин бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии «Зафар» дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Соли тақвияти робита бо маҳал, ба кор даромадани НБО «Роғун» ва Аксияҳои тарғиботӣ- амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид.

Нахуст и.в.муовини раиси Кумитаи иxроияи ҲХДТ дар ноҳия Солиҳов Маҳмадрасул ба сухан баромада, мардуми деҳаи Зафарро ба муносибати ба кор даромадани чархаи аввали НБО «Роғун» шодбош гуфта, оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, вазъи имрӯзаи дохиливу хориҷии кишвар, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, аз даст аз даст надодани зиракии сиёсӣ, тарбияи дурусти фарзандон, пешгирии бемориҳои сироятӣ, ба хизмати Ватан- Модар сафарбар намудани фарзандон, пеш аз хонадоршавии навҷавонон аз муоинаи тиббӣ гузаронидани онҳо ва тақвият бахшидани ҳунарҳои мардумӣ дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ андешаронӣ намуд.

Дар охир масъулин аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, ки аҳли заҳмати деҳа бо шаклҳои хос, бо рангу тобишҳои дилнишин маҳсули дастони хешро ба намоиш гузотшта буданд, дидан карда, ба маҳорати ҳунармандии онҳо аҳсану офарин хонданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg