БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РОҒУН РАВШАНИБАХШИ ХОНАДОНИ ҲАР ЯКИ МОСТ!

АНДЕША. Бо дастуру ҳидоятҳои Асосгусори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон татбиқи се ҳадафи стратегиро назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар авлавияти сиёсати худ қарор додаанд. Се ҳадафи стратегии давлати Тоҷикистон, ки заминаи ҳақиқии рушди пай дар пайи иқтисодиро таъмин менамояд ин аст: ҳифзи амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини истиқлолияти энергетикӣ ба шумор меравад, ки имрӯзҳо дар ҳақиқат қисмати асосиашон амалӣ шудааст. Яке аз ин ҳадафҳои хело муҳим ин таъмини истиклолияти энергетикӣ аст. дар ин росто санаи 16.11.2018 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якумин агрегати Неругоҳи барқии обии “Роғун” мавриди истифода қарор гирифта, дар ин рӯз орзӯи чандинсолаи халқи тоҷик амалӣ гардид.

Маҳз бо ташабусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми сарбаланди Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз як неруи созанда, равшанидиҳандаву нурдиҳанда Неругоҳи барқии обии Роғун сохта шуда истодааст. Дар ҳақиқат барои мардуми сарбаланди Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ифтихор ва сарфарозист, ки якумин агрегати НБО «Роғун» сохта мавриди истифода қарор гирифта, орзуи деринаи онҳо барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикии Ватани азизамон Тоҷикистон ба ҳақиқат пайваста истодааст.

Дар ҳакиқат миллати тоҷик ин неругоҳро як кохи бузурги меҳру равшанӣ,як майдони азимӣ нуру сафодиҳанда, майдони мардонагӣ, шуҷоат ва баланд бардорандаи эътибору нуфузи сарзамини Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон мипиндоранд.Имрӯзҳо тамоми мардону ҷавонони шуҷоатмандӣ Ватан кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки ин маъбади бузурги меҳру муҳаббати мардумро бо як мардонагиву ҳимматбаландӣ тамоми агрегатҳои онро дар сатҳи баланд сохта мавриди истифода қарор диҳанд. Айни замон дар неругоҳи мазкур зиёда аз 29-ҳазор нафар кормандони техникию коргарони сохтумонӣ содиқонаву ватандӯстона меҳнат карда истодаанд, тоин, ки Тоҷикистони азизи мо ба як манбаи нур табдил ёбаду хонадони ҳар як тоҷику тоҷикистониро нурафшони намояд.

 Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба НБО Роғун чунин фармудаанд: «Роғун манбаи адонашавандаи нур аст, ки Тоҷикистонро дар оғӯши шарқи куҳан ба ахтари ҳамешатобон хоҳад дод».

Сарвари давлат аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ баромад карда,«обро як ганҷи муқаддас», «обро ҳастии ҳайёт», «Об барои рушди устувор» бо садҳо суханҳои баланд мазмун талқин ва тарғибу ташвиқ намудаанд.Маҳз об аст, ки кохи нури Роғун сохта шуда истодааст. Ин аст, ки Пешвои миллат соли 2018 соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ ва даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» 2018-2028 эълон намудаанд, ки ин даҳсола барои миллати тоҷик иқдоми бузургест баҳри ба ҳадафҳои назарас ноил гардидан.

Бояд қайд намоям, ки бо истифода додани 6-агрегати НБО “Роғун” 360 ҳазор киловат соат барқ ҳосил гардида, дигар дар Тоҷикистон камбуди барқ ба мушоҳида намерасад.Дар сурати ба пурагӣ ба кор даромадани неругоҳ иқтидори иқтисодии Тоҷикистон ғани гардида,садҳо корхонаҳо сохта мавриди истифода қарор гирифта, шаҳрвандон бо ҷойҳои кори доими таъмин мегарданду сатҳи бекори дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ками дар кам ба қайд гирифта мешавад.Чигунае фармудаанд:

Тоҷикистонам чароғон мешавад.

Манбаи нури фаровон мешавад.

Аз фурӯғи дидаи Роғуни мо,

Ҳафт иқлим ахтаристон мешавад.

Бигузор нури Роғун ба хонадони ҳар яки мо гармиву равшании беинтиҳоро ба вуҷуд орад.Бигузор нури Роғун ҳастии ҳаётро нурафшону мисли ситора дурахшон гардонад.Бигузор ин кохи умеди миллати сарбаланди тоҷик ба дуриҳои дур ба мардум хизмат намояду орзуи деринтизорашон амалӣ шавад.Бигузор Роғун дирафши коваёнии тоҷиконро бозҳам баланду баландтар гардонаду кишвари азизамон Тоҷикистонро ба ахтаристони нури ҷаҳон мубадал созад.

Юсуф МИРЗОЗОДА - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg