АНДЕША. Дар таърихи афкори сиёсию ҳуқуқӣ ва адабиёти илмиву оммавӣ роҷеъ ба ифротгароии динӣ ва баҳри ба даст овардани ҳокимият ва истисмори аҳолӣ аз ҷониби гурӯҳҳои манфиатҷӯ суистифода гардидани эътиқоди динии мардум зиёд гуфта шудааст. Аз ҷумла аз абёти бузургони адабиёти тоҷик баръало аён мегардад, ки пас аз паҳншавии Ислом, махсусан пас аз таназзули давлати миллии тоҷикон Сомониён мансабдорон ва рӯҳониён аз номи Ислом мардумро истисмор мекарданд ва ҳукумат меронданд. Ин ҷо овардани баъзе абётро аз шоирони асрҳои гуногун барои тасдиқи андешарамон зарур медонем:
Шайхе ба зани фоҳиша гуфто: «Мастӣ,
Ҳар лаҳза ба доми як касе по бастӣ».
Гуфто: «Шайхо, ҳар он чӣ гӯйӣ ҳастам,
Аммо ту чунонки менамоӣ ҳастӣ?»
(Умари Хайём)
Ҳофизо, май хӯру риндӣ куну хуш бош, вале
Доми тазвир макун чун дигарон Қуръонро.
(Ҳофизи Шерозӣ)
Воизон к-ин ҷилва бар меҳробу минбар мекунанд,
Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд.
Мушкиле дорам зи донишманди маҷлис боз пурс:
Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд?
(Ҳофизи Шерозӣ)
Адлу инсоф дон, на куфру на дин,
Он чӣ дар ҳифзи мулк даркор аст.
Адли бедин низоми оламро
Беҳтар аз зулми шоҳи диндор аст!
(Абдураҳмони Ҷомӣ)
Ба ҳар мазҳаб, ки бошӣ, бош некӯкору бахшанда,
Ки куфру некхӯӣ, беҳ зи Ислому бадахлоқӣ.
(Убайди Зоконӣ)
Муҳтасиб ришва ҳаром аст ту хоҳӣ хӯрдан,
Ман ҳам ар май хӯрам инсоф куну хурда магир.
(Шамсиддини Шоҳин)
Дар аввалҳои асри 20 бошад, бо пирӯз гаштани инқилоби октябр агар халқу миллатҳои дигар барои ташкили давлатҳои миллии худ талош карда бошанд, қисми зиёди тоҷикон зери таъсири мутаассибони дин ба ҷангҳои босмачигарӣ даст зада, дар ҳалли бисёр масъалаҳо, аз ҷумла масоили миллию ҳудудӣ аз дигарон ақиб монданд. Ҳокимон ва мулкдорони собиқ ба муқобили давлати шӯравӣ роҳи муқовимати силоҳнокро пеш гирифтанд ва ҳукуматҳои буржуазии ғарбӣ ва думравони онҳо ба ҳаракатҳои аксулинқилобии Русия ва мустамликаҳои собиқи он бо маблағ ва силоҳ кӯмак мерасониданд. Англия, ИМА, Туркия, Афғонистон бештар дар зери шиори ташкил додани давлати ягонаи мусалмонӣ ва ё пантуркистии Осиёи Миёна сиёсати ба мустамликаи худ табдил додани ин кишварро рӯйпӯш карданӣ мешуданд. Бояд махсус таъқид намуд, ки дар ташвиқоти зиддишӯравӣ рӯҳониён саҳми асосӣ доштанд. Онҳо дар байни мардуми авом ва гумроҳ ғазавотро фатво медоданд ва ташвиқот мебурданд, ки агар ба ҳимояи имон ва дини худ нахезед, кофир мешавед. Дар ибтидо мухолифони ҳокимияти нав декрету қонунҳои ҳокимияти шӯравиро бо дарку фаҳмиши худ шарҳ дода тавонистанд, аз ҷумла озодии дин ва баробариро озодии куфрӣ ва нашинохтани Худо, баробарии мардону занони шӯравиро умумӣ гардонидани занҳо тафсир намуданд. Мардуми авоми фиребхӯрда ҳадафҳои сиёсӣ надоштанд, вале ҳокимиятхоҳон бо доми тазвир намудани Ислом онҳоро ба мақсадҳои худ истифода бурда тавонистанд. Қисми зиёди мардуми авом баъдан фиреби рӯҳониёну мансабталошонро фаҳмида, ба тарафи ҳукумати шӯравӣ гузаштанд ва авф гардида, аз ҳаёти осоишта бархӯрдор шуданд.
Ниҳоят дар интиҳои асри гузашта, пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, ки имкони ташкили давлати соҳибистиқлоли тоҷикон рӯйи даст буд, боз ҳам зиддиятҳои мазҳабӣ ва зери ниқоби дин амалӣ гардонидани манфиатҳои шахсӣ ва ба даст овардани ҳокимият миллати тоҷикро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашид ва хисороти молию ҷонии гушношунидеро сабабгор гашт. Дар ин солҳо низ гурӯҳи мансабталошу ҳокимиятхоҳе, ки баъдан мухолифини Ҳукумат унвон гирифтанд, ташкили давлати исломиро ҳамчун шиори худ дар муборизаи зидди Ҳукумат истифода карда, ба эҳсосоти динии шаҳрвандон такя намуда, аз он сӯистифода мекарданд ва ҳамчунин доираи муайянро дар хориҷа, созмонҳои байналмилалиро бо истифода аз масъалаи номбурда бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқобил мегузоштанд. Дар воқеъ ҳам бисёр доираҳои мухталифи сиёсӣ ва динӣ дар солҳои аввал фикри мусбат доир ба озодии виҷдон дар Тоҷикистон надоштанд. Масалан бар асари тарғиботи мухолифин бисёр гурӯҳҳои хориҷи кишвар, кишварҳои исломӣ, аз ҷумла дар Арабистони Саудӣ, гумон доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пешрафти дин ва бархӯрдорӣ аз озодии виҷдон мамониат мекунад. Дар солҳои 1994-1995 дар он ҷо ҳатто як навъ сандуқи хайрия барои кӯмак ба мухолифини тоҷик, ки гӯё баҳри озодии дин дар Тоҷикистон мубориза мебурданд, ташкил ёфта, як миқдор маблағи хайриявӣ низ дарёфт карда шуда буд.
Бо саъйу талош ва ҷонбозиҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ин ҳокимиятхоҳону мансабталошҳо ба хотири сулҳу салоҳ, ваҳдати миллӣ, ободии кишвар, осоиштагии мардум ва ба Ватан баргардонидани мардуми авоми гумроҳ Ҳукумати ҶТ гузашт кард ва ба ин вазифаталошҳо дар сохторҳои гуногуни давлатӣ мансаб пешниҳод кард. Тибқи созиш нерӯҳои мухолифини тоҷик 30 %-и мансабҳои давлатиро соҳиб гаштанд.
Вале намояндагони ТТЭ ҲНИ дар давоми 18 соли дар Тоҷикистон дар мақомоти гуногуни давлатӣ соҳибмансаб будан (солҳои 1997-2015) ва дар ихтиёр доштани маблағҳои аз давлатҳои хориҷ ба даст овардаашон баҳри ободии кишвар, осудаҳолии мардум ва дар маҷмуъ татбиқи арзишҳои исломӣ дар Тоҷикистон чораи амалие наандешиданд. Ҳамаашон танҳо дар фикри сарватҷамъкунӣ ва шароити хуби зиндагии шахсиашон буданд. Воқеият нишон дод, ки дар ин солҳо аъзоёни ТТЭ ҲНИ ба ифротгароии динӣ, порахӯрӣ, зинокорӣ ва дигар амалҳои ғайришаръию зиддиқонунӣ машғул буда, дар охир нияти ғасби ғайриқонунии ҳокимияти контститутсиониро карданд.
Наҳзатиҳо дар давоми солҳои 1997-2015, ки дар Тоҷикистон буданд, ягон роҳу пул, мактабу беморхона ва дигар иншооти таъиноти иҷтимоӣ насохтанд, ба мардуми эҳтиёҷманд – ятиму бепарастор, пирону маъюбон дасти кӯмак дароз накарданд. Ҳаким Саноӣ барои чунин ашхос ба далел гуфтааст:
Ҳама рӯз рӯза бурдан, ҳама шаб намоз хондан,
Шаби ҷумъаҳо нахуфтан, ба Худой роз гуфтан.
Зи Мадина то ба Каъба сару по бараҳна рафтан,
Ду лаб аз барои лаббайк ба вазифа боз кардан.
Ба Худо, ки ҳеҷ якеро самар он қадар набошад,
Ки ба рӯйи ноумеде дари баста боз кардан.
Дар роҳи тарғибу ташвиқи арзишҳои исломӣ дар миёни аҳолӣ кореро анҷом надоданд – ягон барномаи телевизионию радиоӣ ва рӯзномаю ҳафтаномаи хусусияти исломидоштае баҳри баланд бардоштани маърифати аҳолӣ ва тарбияи динии аҳли ҷомеа ташкил накарданд (ба ҷуз тарғибу ташвиқи иғвогаронаву сиёҳкунандаи Ҳукумат дар масъалаи ришу ҳиҷобу масҷидравии ноболиғон ва инчунин ҷиҳоду шаҳодат). Ягон нафари онҳо, масалан, дар бораи ҷалби ҷавонон ба илмомӯзӣ, ки Қуръон ва ҳадисҳои пайғамбар ба ин талқин мекунанд, дар байни аҳолӣ коре набурдаанд. Баръакс наврасону ҷавононро ба таҳсили нодурусту пинҳонии динӣ дар масҷиду мадрасаҳои худсохт ва хонаҳояшон фаро гирифта, аз таҳсили дунявӣ дур сохтанд ва онҳоро асосан дар ниқоби ҷиҳоду шаҳодат ба амалҳои ифротӣ ва террористӣ омода месохтанд. Садҳо ҷавонони тоҷик ба доми фиреби онҳо гирифтор шуда, барои «ҷиҳод» ба давлатҳои Сурияву Ироқ рафта нобуд гаштанд. Натиҷаи барҷастаи бесаводӣ ва омӯзиши кӯркӯронаи Ислом дар ҷавонони тарбияткардаи онҳо, ки тобистони соли равон сайёҳонро ваҳшиёна ба қатл расониданд, ифода гардид. Бо вуҷуди далелҳои раднопазири мақомоти дахлдори Тоҷикистон оид ба даст доштани ТТЭ ҲНИ дар ташкили ин кирдори ҷиноятӣ намояндагони ҳизби мазкур ба гуноҳи худ иқрор нагаштанд ва онро ба дӯш нагирифтанд. Аммо ин амали террористие, ки нисбати сайёҳони хориҷӣ анҷом дода шуд ва ҳам ба номи Ислому ҳам ба шаъну эътибори миллати фарҳангиву меҳмоннавози тоҷик доғу иснод овард, аз ҷониби роҳбарияту аъзоёни фаъоли ТТЭ ҲНИ маҳкум нагардид ва вокунише нишон дода нашуд. Аз ин рӯ, саволе ба миён меояд, ки чаро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ зидди Ислом будани ин амал аз ҷониби ТТЭ ҲНИ таъқид карда нашуд? Онҳо ки даъвои аз номи Ислом баромад карданро дар Тоҷикистон доранд, мебоист ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мухолифи Ислом будани амали террористии мазкурро таъқид мекарданд. Аз ин беамалию бетарафии намояндагони ТТЭ ҲНИТ хулоса баровардан мумкин аст, ки ташкилкунандаи ин амалиёт онҳоянд ва ё ҳеҷ набошад ин гуна кирдорҳоро мувофиқи Ислом меҳисобанду мутаассибанд ва ё дар фикри ҳимояи Ислом нестанду мунофиқанд. Дигар ин ки давлатҳои Аврупоии ҳимоягари ТТЭ ҲНИ аз ин бетарафии «паноҳҷӯстагон» парво надоранд ва аз онҳо суоле намекунанд. Аз ин маълум мегардад, ки мамолики Аврупоро манфиатҳои сиёсию иқтисодиашон аз масъалаи куштори шаҳрвандашон авлотар аст.
Дасисаи охирине, ки ТТЭ ҲНИ бо пуштибонии Ғарб бебарор анҷом дод, ин ташкили «Паймони миллии Тоҷикистон» буд, ки мақоли халқии «Хар ҳамону пордумаш дигар»-ро ба хотир меорад. Зеро роҳбари ТТЭ ҲНИ М. Кабирӣ созмонҳои ифротии «Ҷунбиши ислоҳот ва рушд», «Анҷумани озодандешони тоҷик» ва «Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Аврупо»-ро нахуст таъсис дода, пасон бо онҳо «иттиҳод» баст. Вале, ҳатто ду созмони дигари мухолиф – Анҷумани нерӯҳои созанда (Додоҷон Атовуллоев) ва созмони ифротии «Гурӯҳи 24» аз ҳамроҳ шудан ба ин иттиҳоди сунъӣ худдорӣ карданд.
Лозим ба қайд аст, ки дар нишасти ахири САҲА дар Варшава мавриди баҳс дар суҳбату суханрониҳои М.Кабирӣ босмачиён буданд ва аз босмачиён қаҳрамон тарошидан ба шиорпарокании рӯзмарраи ӯ табдил ёфтааст. Чунки мақсаду маром ва тарзи корбарии наҳзатиҳо нусхаи ҳаракати босмачигарии асри гузашта аст. Тавре пештар қайд кардем, саркардаҳои босмачиён низ ба мисли наҳзатиҳо ҳокимиятхоҳ буданд ва барои ба худ ҷалб кардани мардуми авом Исломро доми тазвир сохтанд ва аз ҷониби аҷнабиён пуштибониву маблағгузорӣ мешуданд.
Бояд таъқид кард, ки тӯли солҳои истиқлолият дар роҳи ҳимоя ва тарғибу ташвиқи арзишҳои исломӣ дар дохил ва хориҷи мамлакат худи Ҳукумати ҶТ зери роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари обод намудани Ватан ва дастгирии иҷтимоии мардум, иқдомоти ҷиддӣ роҳандозӣ намуда истодааст. Ин ҷо баҳри тасдиқи андешаамон баъзе чорабиниҳое, ки дар роҳи рушду нумуи Ислом бо ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шуданд, ҳамчун намуна ёдовар шудан кофист. Масалан, маҳз Президенти кишвари мо аз минбари Созмони Милали Муттаҳид ба тамоми ҷаҳониён арза дошт, ки террорист ватан, миллат ва дин надорад ва бо ин шаъну шарафи тамоми мусулмононро ҳимоя намуда, номи Исломро аз тамғаи «террор» озод намуд. Беҳтарин иқдоме, дар кори ҳимояву ташвиқоти Ислом, ки бо ибтикори муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шуд, Симпозиуми байналмилалӣ ба муносибати 1310-солагии Имоми Аъзам ва эълон гардидани Соли бузургдошти Имоми Аъзам буд. Бо мақсади баланд бардоштани маърифати динии мардум бо супориши Сарвари давлат нахустин бор Қуръони маҷид бо забони тоҷикӣ дар се давра бо теъдоди умумии беш аз 200 ҳазор нусха аз чоп бароварда, ройгон ба аҳолӣ тақсим карда шуд. Ҷиҳати таъмин намудани эҳтиёҷоти динии мардум аз ҳисоби буҷети давлат ва хазинаи эҳтиётии Президент даҳҳо миллион сомонӣ ба чопи китобҳои илмӣ, ахлоқӣ ва эътиқодии фарҳанги исломӣ ҷудо гардида, садҳо асари гаронбаҳои таърихӣ, ки асрҳои аср дар гӯшаи фаромӯшӣ монда буданд, аз ҷумла «Саҳеҳ»-и Имом Бухорӣ, «Муснад»-и Имоми Аъзам, «Эҳё улум-ад-дин», «Кимиёи саодат»-и Имом Ғазолӣ ва дигар осори пурарзиш нашр ва дастраси мардуми мусулмони кишвар гардонида шуданд. Дар Тоҷикистон Шӯрои уламо, Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимҳо, Донишкадаи исломӣ, Маркази исломшиносӣ фаъолият менамоянд. Бунёди масҷид дар шаҳри Душанбе, ки дар миқёси Осиёи Миёна ҳамто надорад, дар арафаи анҷомёбист. Дар асоси он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявӣ аст, ҳуқуқи ҳар кас ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, инчунин баробарии ҳама дар назди қонун, новобаста аз муносибат ба дин ва эътиқод эътироф гардидааст. Дар Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» бо вуҷуди он, ки ба тамоми дину мазҳабҳо эҳтиром ва таҳаммул арза дошта шудааст, нақши махсуси мазҳаби ҳанафии дини Ислом дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии халқи Тоҷикистон эътироф гардидааст. Хуллас, барои ташаккули фарҳанги исломӣ дар Тоҷикистон тамоми шароитҳои ташкилию ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуда, хизмати беҳтаринро дар кишвар ба Ислом бо назардошти принсипи дунявият худи Ҳукумати Тоҷикистон анҷом дода истодааст аст ва Устод Лоиқ онро чунин ифода мекунад:
На бар онем, ки Ислом нишинад бар тахт,
Мо бар онем, ки Ислом саломат бошад.
Ф.М. Расулов – узви фаъоли ҲХДТ, устоди ДДМИТ