Ш.ШОҲИН. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи Ёл»-и ҷамоати деҳоти ба номи Нуриддин Маҳмудов хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ доир намуданд.
Хониши сиёсиро Сунатуллоева Мавзуна мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин кушода, дар бораи ба фаъолият оғоз намудани НОБ-и Роғун ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ибрози андеша карда, афзуд, ки ин рӯйдоди таърихии баробарарзиш ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки бо талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта шуда, чархаи аввали он дар рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана ба истифода дода шуд, ки ин санаи муборакро мардуми тоҷик дербоз интизор буданд ва ба орзуи деринтизорашон расиданд.
Аз ин лиҳоз ҳар яки моро зарур аст, заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллатро қадр карда, нерӯи барқро сарфаҷӯёна истифода барем ва маблағи ҳаққи хизмати онро сари вақт пардохт намоем.