А.ҶОМӢ. Дар хониши сиёсие, ки аз ҷониби кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар ташкилоти ибтидоии «Мушкруд»-и деҳаи Мушкруди ҷамоати деҳоти Яккатути ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ баргузор гардид, масъалаи татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» баррасӣ гардид.
Мирзоев Холмурод мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, Самадзода Саёҳат мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонон ва Ҷамоллидини Маҳмадшариф мутахассиси шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба ҳозирин оид ба моҳияти Аксияи ҳизбӣ муфассал маълумот дода, дар бораи бо ҳам ҳал намудани мушкилоти ҷойдоштаи маҳаллаву деҳаи худ ҳидоят карданд.
Ҳамчунин, дар назди ҷамъомадагон оид ба соли 2018 эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои руди устувор, солҳои 2018-2028», самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла тарғиби урфу одат ва анъанаҳои мардумӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву тундгаро, дар сатҳи баланд ва дастовардҳои назаррас пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал дода шуд.