БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОЛИ РУШДИ САЙЁҲИ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМИ ОМИЛИ МУТАҲИДИИ ҶОМЕА

ҶАЙҲУН. Дар асоси ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ ва вохӯриву мулоқотҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар деҳаи Пахтакори ҷамоати деҳоти «Қумсангир»-и ноҳия чорабинии таблиғотии ҳизбӣ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва ҳамчунин вобаста ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҷумагул Шомаҳмадова ва занони фаъоли деҳаи болозикр доир гардид.

Дар рафти чорабини Шомаҳмадова Ҷумаъгул вобаста ба Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ муфасал баромад намуда, иброз дошт, ки  тоҷикон, чунонки аз таърих маълум аст, мардуми меҳнатдӯст, ҳунарманду санъаткоранд. Онҳо барои зиндагии хушбахтона талош варзида, дар мушкилтарин шароит ҳам ҳунару касбҳои фоидаовари зиёдеро мутобиқи тамоюли табиӣ ва истеъдоду лаёқат аз худ карда, онҳоро аз насл ба насл интиқол додаанд. Мақоли машҳури “Ба як мард чил ҳунар кам” ин гуфтаро тасдиқ мекунад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ барои ҳифзи чунин вижагии миллӣ ва рушди он роҳу усулҳои амалисозии тадбирҳои заруриро ба нақша гирифта, дар сатҳи дилхоҳ роҳандозӣ намуда истодаанд.

Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари эълон кардани соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ҳамчунин дастур доданд, ки бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ фурӯши дастранҷи косибону ҳунармандон аз 1 январи соли 2018 аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда шуд. Чунин имтиёзот барои мардум имконият фароҳам меоварад, ки бештар маҳсулоти дастӣ ва табиӣ омода сохта, ба фурӯш бароваранд ва фарҳанги миллиямонро ба сайёҳони хориҷӣ муаррифӣ намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg