БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Занону бонувони ҳунарманди деҳотӣ дастони пурэъҷоз доранд

ХУРОСОН. Дар деҳаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Фахрободи ноҳия доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Соли тақвияти робита бо маҳал вохӯрӣ ва чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ доир гардид, ки дар он кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон иштирок ва суханронӣ карданд.

Масъулин дар қисмати сиёсии вохӯрӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ба кор даромадани чархаи якуми Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, 24- солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, хизматҳои беназири Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли 27 соли соҳибистиқлолии кишвар ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ибрози ақида карда, иштирокдоронро барои дар амал татбиқ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!», ки ба некӯаҳволии мардум ва ободии Ватан равона карда шудааст, ҳидоят намуданд.

Сокинон суханрониҳои масъулинро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, иброз доштанд, ки минбаъд низ дар партави Аксияи ҳизбӣ он маблағҳое, ки дар маъракаҳои азодориву тӯйҳои хурсандӣ хароҷот мекунем, дар обод кардани манзиле, гӯшае ва барои бартараф кардани мушкилоти маҳали зист сарф хоҳем кард.

Дар қисмати фарҳангии вохӯрӣ бошад, занону бонувони ҳунарманд бо шукргузорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва фазои сулҳу ороми кишвар маҳсули дастони хешро ба намоиш бароварданд, ки иштирокдорон аз ин намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, дастони пурэъҷози занону бонувони ҳунарманди деҳот дидан карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg