ХОВАЛИНГ. Пири равшанзамири 80-сола бобои Исмоилов Музаффар аз деҳаи Сангрезгии ҷамоати деҳоти ба номи Лоҳутӣ, ки умри худро сарфи китобдорӣ намудааст, ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия омада, хоҳиш намуд, ки ӯро ба сафи ҲХДТ қабул намоем.
Дар ин замони пурттазод ҳар шахсе, ки ин Ватан, ин миллат барояш азиз аст, ба хотири дастгирии сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо заҳмату меҳнати шабонарӯзӣ давлату миллатро аз нобудӣ раҳонид, халқро ба ҳаёти хушбахтона расонид, дар сафи ҲХДТ- ҳизбе, ки ба он Пешвои миллат сарварӣ менамояд, бояд бошад. Бо нишон додани шаҳодатномаи ҳизбӣ бо ифтихор ва сарбаландӣ гуфта тавонад, ки ӯ ба ин Ватан, ба ин марзу бум, ба ин миллат, ба сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат ва ба Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон сарсупурда ва содиқ мебошад, - гуфт ӯ.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сафар Халилзода ба бобои Музаффар Исмоилов шаҳодатномаи ҳизбиро супорида, ӯро аз номи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия табрик гуфта, изҳори боварӣ кард, ки ин пири хирад дар тарбияи хештаншиносӣ, ахлоқӣ, ватандӯстии ҷавонон дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Оиннома ва Барномаи ҲХДТ саҳми арзандаи худро мегузорад.