
ҲАМАДОНӢ. Мувофиқи ҷадвали баргузории чорабиниҳои фарҳангию сиёсӣ барои нимсолаи дуюми соли 2018 дар ташкилоти ибтидоии «Фарҳанг»-и ноҳия бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ хониши сиёсӣ гузаронида шуд.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода дар хониши сиёсӣ иштирок дошта, дар бораи рушду нумуи фарҳанги миллӣ ва мақоми Президенти кишвар дар он баромад карда, қайд намуд, ки сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тарбияи хештаншиносии мардум ҳадафҳои баланди миллатсозӣ дорад ва тадбиқи амалии он вазифаи натанҳо аъзои ҳизб, балки ҳар як шаҳрванди бонангу номуси кишвар мебошад.