ФАРХОР. Ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи донишҳои сиёсию маънавии аъзои ҲХДТ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Боғчаи бачагонаи №4» хониши сиёсӣ баргузор намуданд.
Дар вохӯрӣ Шаҳбози Искандар муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва Раҳмонов Далер мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок дошта, оид ба нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу Ваҳдати миллӣ, масъулият ва вазифаи аъзои ҲХДТ дар раванди миллатсозӣ, давлатсозӣ ва таълиму тарбияи насли наврас ҳамчун насли ояндасози давлату миллат дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, ки ин ҳама аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мебошанд, суханронӣ намуда, ҷамъомадагонро барои дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳадафҳои барномавии он раҳнамоӣ карданд.