Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

Чорабиниҳои ҳизбӣ сокинонро дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ дилгарм сохтааст

ПАНҶ. Бошандагони маҳаллаи Бурхиёни ҷамоати деҳоти Меҳвари ноҳияи Панҷ бо роҳнамоии масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ чорабинии сиёсӣ рохандозӣ намуданд. Чорабинӣ бо намоиши ҳунару истеъдоди чирадастон, косибону кишоварзони маҳал ташкил карда шуд, ки бо тамошои он намояндагон баҳои балагд доданд.

            Дар рафти чорабинӣ аз ҷониби иштирокдорон қайд гардид, ки моҳияти эълон гаштани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардум дар он аст, ки мардуми кишварро дар рӯхияи ватандустӣ, инсондӯстӣ, ҳунармандӣ, созандагиву бунёдкорӣ, пос доштани асолати миллӣ тақвият бахшида, дар ин росто ба роҳи дуруст тарбия намудани насли наврас равона гардидааст. Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ барои зиндагии босуботи сокинони кишвар нигаронида шуда, дар ин росто сокинон, махсусан занони деҳот бо кори хонагӣ ва бо ҷойҳои нави корӣ таъмин мегарданд. Бо рушди сайёҳӣ бошад, Тоҷикистон ба ҷаҳониён бо табиати зебо, кӯҳҳои осмонбӯс ва одамони меҳмонавозаш муаррифӣ мегардад.

            Зимни баромад Файзев Каримҷон ҳамчунин оиди хатарҳои замони муосир терроризму экстремизм, ҳодисаҳои нангини гурӯҳи ҷиноятпешаи ТЭТ ҲНИ, ки фаъолияти он дар ҷумхури мамнӯъ мебошад, ибрози ақида намуда, аз ҳамагон даъват намуд, ки дар ҳифз намудани ҷавонон аз мағзшӯӣ ва ба ин гурӯҳҳо дода шудани ҷавонон огоҳ бошанд.

            Сокинони маҳал дар охир бо изҳори қаноатмандӣ баён доштанд, ки ҳар иқдоме, ки аз тарафи Сарвари давлат пешниҳод мегардад, онро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд ва ба хотири сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳиссаи арзандаи худро бо корҳои созандагиву ободкорӣ мегузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg