МӮЪМИНОБОД. Дар деҳаи Чуқурқишлоқи ҷамоати деҳоти Боғгаӣ бо сокинони деҳа вохӯрӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Соли тақвияти робита бо маҳал баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Рамазон Ҳайдаров иштирок намуда, вобаста ба таърих ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии он, нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби либоси миллӣ, пешгирӣ аз хурофоту бегонапарастӣ, пешгирии шомилшавии занону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, тарбияи дурусти фарзандон дар роҳи ватандӯстию ҳисси миллӣ, ҷалб намудани шаҳрвандон ба касбу ҳунарҳои мардумӣ, рушди анъанаҳои неки ниёгон, роҳандозии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ва дигар масъалаҳои хоҷагии халқ ибрози андеша намуда, иштирокдоронро барои дар партави Аксияи ҳизбӣ дар якҷоягӣ ҳал намудани мушкилоти ҷойдоштаи маҳалли зист, обод кардани гӯшае ва дасти кӯмак дароз намудан ба шахсони ниёзманди ҷомеа раҳнамоӣ кард.
Инчунин, дар деҳаи Боғгаӣ ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шуда, раиси он узви ҲХДТ Бобохонов Юлдош интихоб гардид.