ЛЕВАКАНТ. Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант бо кормандони Пойгоҳи Вагонҳои боркаш 3-и шаҳри Левакант хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар он мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Суҳроб Валиев, мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Шаҳло Шомудинова иштирок ва суханронӣ намуданд.
Сухани ифтитоҳиро Шаҳло Шомудинова оғоз намуда, оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, сиёсати давлатӣ, нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мавриди ба вуҷуд овардани ҳисси муқовимат бо коррупсия ибрози андеша намуд.
Сипас, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Суҳроб Валиев доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум аз хатари терроризму экстремизм, хатарҳои истифодаи нодурусти технологияи муосир, пешгирии нашъамандию нашъаҷаллобӣ, риояи қонунҳои миллӣ, дуруст сафарбар кардани корҳои хайру сахо ҳамчун пояи рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва дар бораи таърихи таъсисёбии ҲХДТ – ҳамчун ҳизби роҳнамо ва ҳидоятгар ба ояндаи дурахшони Ватан суханронӣ кард.
Дар охир аз ҷониби масъулин ба шахсони арзанда, ки тоза ба сафи ҳизб қабул гардиданд, билетҳои ҳизбиро дар вазъияти тантанавӣ тақдим намуданд. Иштирокдорон барои баргузории чунин хониши сиёсии судманд изҳорӣ қаноатмандӣ карданд.