БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” дар амал

ЁВОН. Чанде қабл аз ҷониби масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон дар деҳаи Зафари ҷамоати деҳоти Норин бо ҷалби хурду калони деҳаи мазкур вохӯриҳо доир гардид.

Вохӯрии навбатӣ бо як гурӯҳи ҷавонони деҳаи Зафар, ки ҳамчун фардҳои ватандӯсти миллат, пайравӣ аз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намуда, дар доираи баргузории Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” тариқи ҳашари дастҷамъона роҳҳои қисми дохилии деҳаро битонпӯш карда, барои ободонию созандагии маҳали худ саҳм мегузоштанд, баргузор гардид.

Аз ҷониби и.в.муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Солиҳов Маҳмадрасул қайд карда шуд, ки иқдоми навбатии ҷавонони деҳаи Зафар шоистаи офарин ва сазовори қадрдонист. Имрӯз шумо барои ободии як гӯшаи зебои Тоҷикистон саҳм гузошта истодаед. Воқеан, Ватан ва ватансозӣ аз ободонию шукуфоӣ, созандагию бунёдкории  хона, маҳал ва деҳаи худ сарчашма мегирад. Амале, ки шумо имрӯз анҷом дода истодаед, кори савоб ва шоён мебошад, чун дар урфият мегӯянд, ки «Роҳсозонро доимо дуое мерасад».

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg