БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тарғиби китоби «Одобномаи корманди ҳизбӣ» дар ташкилотҳои ибтидоӣ

ДӮСТӢ. Тибқи ҷадавли баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассиса ва вохӯриву  мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ  дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Фарҳанг» вохӯрӣ доир гардид.

Зимнан кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб аз рафти дарси устодони мактаби мусиқии бачагона, китобдорони китобхонаи марказӣ, фаъолияти роҳбарияти бадеӣ ва клубҳои сайёри Қасри фарҳанги ноҳия дидан карда, баҳри баланд гардидани фаъолияти касбии устодони санъат, масъулиятнокии мутахассисон дар фаъолияти эҷодӣ муаррифии ҳунарҳои шоистаи мардум дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии ҷойҳои таърихии ҳудуди ноҳия, дар шакли дуруст табдил додани Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ, болоравии ахлоқ  ва рисолати инсонии шаҳрвандон, инчунин оид ба  мавриди истифода қарор гирифтани нахустин агрегати НОБ-и Роғун, ки бо ташаббуси Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кор андохта шудааст,  суҳбат оростанд.

Дар рафти суҳбат оид  ба амалӣ гардидани вазифаҳои дар «Одобномаи корманди ҳизбӣ» дарҷ гардида, корҳои фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ карда шуд.

Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ-мудири шуъбаи фарҳанг Ҷурахон Ҳасанов барои баргузории чунин вохӯрӣ ба кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  изҳори миннатдорӣ баён карда, зикр намуд, ки шуъбаи фарҳанг барои ҳамкорӣ ва дар амалӣ гардидани ҳадафҳои барномавии  ҲХДТ ҳамеша омода ва саҳмгузор мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg