БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

30-солагии Истиқлолияти давлатиро бо дастовардҳои арзанда истиқбол мегирем

ДАНҒАРА. Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара бо иштироки кормандони ҷамоати шаҳраки Данғара хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор карда шуд.

Дар хониши сиёсӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Каримов Пирмуҳаммад иштирок намуда, оид ба корҳои ободониву созандагӣ дар доираи Аксияи тарғиботӣ -амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби фарҳанги миллӣ, риояи қонунҳо ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию иртиҷоӣ, коҳиш додани сатҳи ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни ҷавонону ноболиғон, пошхӯрии оилаҳои ҷавон, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ таъмини ояндаи дурахшони Тоҷикистон суханронӣ намуд.

Иштирокчиён ваъда доданд, ки 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзанда истиқбол мегирем.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg