БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ –ҳимоятгари манфиатҳои халқ

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Боғбунёд” тибқи ҷадвали баргузории хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ  мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб  Ализода Одил ва мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирӣ Исоев Фаррух иштирок  ва суханронӣ намуданд.

Зимнан Ализода Одил оид ба яке аз санаҳои муҳими таърихӣ  24- солагии таъсисёбии ҲХДТ сухан ронда, қайд намуд, ки  имрӯзҳо дар саросари Ҷумҳурии азизамон Тоҷикистон аз ҷониби  аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ 24-солагии таъсисёбии ҲХДТ- ро ҷашн мегиранд. Аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии ҲХДТ ҷомеаи навин  ба ин ҳизб таваҷҷуҳи хоса пайдо карда, бо роҳбарӣ ва ҳидояти Раиси  муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳ тавонистанд ҷомеаро аз вартаи нестӣ раҳо бахшанд. ҲХДТ дар замони соҳибистиқлолии Ватани азизамон таъсис ёфта, ба саҳнаи сиёсии мамлакат ворид гардидааст. Дар ин бора Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  барҳақ таъкид доштаанд, ки “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – ҳизби зодаи истиқлоли кишвар буда, он ҳимояи манфиатҳои халқро ҳадафи асосии худ қарор додаву барои садоқати халқ ва ободии Ватан саъйю талош меварзад.”

Дар охир масъулин аз гулҳои ороишие, ки  маҳсули кори дасти кормандони ин ташкилот  ба хотири зебоиву ороиши кӯчаю роҳравҳои шаҳрамон парвариш мекунанд,  дидан намуданд.

                                                                                             

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg