Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

Тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мебошад

ШАҲРИТУЗ. Дар Маркази эмтаъминкунии ноҳияи Шаҳритуз вобаста  ба нақшаи кории  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз дар мавзӯъи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ  бо иштироки муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз гузаронида шуд.

Муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирӣ Очилдиев Турдимурод зимни андешаронӣ  қайд намуд, ки вируси норасоии масунияти одам-вирусе мебошад, ки низоми ҳимояи ҷисмро халалдор карда, онро аз мубориза бар зидди бемориҳои сирояткунанда боз медорад. Вақте, ки ин вирус ба ҷисм ворид мешавад, низоми ҳимояи ҷисм бо он муборизаро оғоз менамояд ва баъди чанде ин низом дар мавриди ҳимоя аз намудҳои гуногуни вирусҳо хеле заиф мегардад.

Инчунин, СПИД шакли мухтасари ибораи «бемории пайдошудаи норасоии масуният» мебошад. СПИД марҳилаи охирини ВИЧ буда, одамон дар натиҷаи суст шудани масунияти бадан ба баъзе бемориҳои ҳамроҳикунанда гирифтор мешаванд.

Ҳамзамон, одам метавонад дуру дароз бо сирояти ВИЧ дар ҷисм зиндагӣ намояд ва ба СПИД гирифтор нашавад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg