БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дастовардҳои даврони Истиқлолиятро таърихан ҳифз бояд намуд

А.ҶОМӢ. Тибқи нақша- чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи «Лоҳутӣ»-и ҷамоати деҳоти Яккатут бо фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб вохӯрӣ доир гардид.

Дар баргузории вохӯрӣ мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Самадзода Саёҳат, мутахассиси шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроия Ҷ. Шарифзода ва вакилони маҳаллӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни суханронӣ масъулин атрофии сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара рӯзи05 ноябри соли ҷорӣ,   самтҳои афзалиятноки фаъолият ҳизб, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ,  ба хусус ба кор даровардани аввалин чархаи НБО Роғун  андешаронӣ карда,  афзуданд, ки  моро зарур аст,  ба қадри сулҳу суботи кишвар, ғамхориҳои Роҳбари давлат бирасем ва барои боз ҳам шукуфону ободтар гардидани Ватани азизамон бештар заҳмату меҳнат намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg